Иғвогарӣ намегузарад: чӣ тавр сулҳбонони Русия дар Қарабоғ оташбасро назорат мекунанд

Обуна шудан
Нерӯҳои сулҳбонони Русия нуқтаҳои назоратиашонро дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ мустаҳкамтар кардан доранд

Ҳоло дар ҷумҳуриии эътирофнашуда Қаробоғи Кӯҳӣ беш аз 23 нуқтаи назоратӣ фаъол аст.

Ҳар як нуқтаи назоратӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, то аз ҳар як иқдоми иғвогарона пешгирӣ карда шавад.

Чунин як вайронкунии режими оташбас, ки чанд рӯзи қабл сурат гирифт, пешгирӣ карда шуд.

Садҳо захмию бемористонҳои хароб: кумаки пизишкони низомии рус ба сокинони Қарабоғ - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Норасоии табибон дар Қарабоғ: пизишкони низомии рус ба кумак омаданд - видео

Дар ҳоле, ки дар бораи оташбас дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ Арманистон, Озарбойҷон ва Русия ҳанӯз санаи 9 ноябри соли равон ба тавофуқ расида буданд. Ҳоло дар ин минтақа боз сукуту оромӣ аст.

Нигоҳдории сулҳ аз тарафи нирӯҳои сулҳбонони Русия чигуна назорат мешавад дар навор тамошо кунед.

Ёдрас мешавем, ки тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қаробоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 

Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қаробоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.

Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қаробоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.

Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қаробоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.

Лентаи хабарҳо
0