Рустами Эмомалӣ дар бораи фаъолияти масҷидҳо дар Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ахиран зимни ҳисоботаш дар бораи фаъолияти як соли охир гуфт, дар пойтахт дар баробари масҷидҳо инчунин ташкилотҳои ғайриисломӣ дар доираи қонун фаъолият мекунанд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ гуфт, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, танзими анъана, ки барои баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти сокинони шаҳри Душанбе равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб мегардад.

Председатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали присутствовал на посадке - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба масҷид рафту дарахт шинонд-акс

“Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта мебошанд”, - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Ӯ афзуд, ки инчунин дар Душанбе 29 ташкилоти динии ғайриисломӣамал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе, ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ дар пойтахт,  тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” фаъолият менамоянд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар давраи пандемия муваққатан намогузориро дар масоҷид маҳдуд кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0