ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik, Наталя Дембинская. Коршиносони иқтисодӣ бар онанд, ки дар ниҳоят доллар 50 дарсади арзиши худро аз даст хоҳад дод. Бештар ин ба фаъолияти Вазорати молияи Амрико рабт дорад, ки дар рӯзҳои наздик ин ниҳодро Ҷанет Йеллен собиқ роҳбари Бонки марказии Амрико идора хоҳад кард. Поин рафтани доллар то чӣ андоза хоҳад буд дар гузориши РИА Новости.
Даромаднокии паст
Дар охири моҳи декабр намояи доллар панҷуним дарсад коҳиш ёфт. Сармоягузоронро чопи зиёди долларҳои наву бидуни таъминот, ба гардигш ворид мешавад, нигарон кардааст.
Бояд гуфт, ки аз моҳи июни соли равон суръати афзоиши ҳаҷми пул аз 22 фоизи солона коҳиш наёфта буд – ин баландтарин нишондиҳанда дар таърих аст.
Чопи пули зиёд ҳатман ба афзоиши сатҳи таваррум таъсир мерасонад, аммо Бонки марказии Амрико алакай баъзе нишондодро тағйир дод. “ба ҳисоби миёна ба ду фоиз”. Инро ба хотири он карданд, ки сатҳи меъёри асосӣ баланд набардоранд. Ин иқдом танҳо дар сурате анҷом меёбад, ки агар таваррум аз интизорӣ зиёд набошад. Яъне, танзимгар ният дорад, ки фоизиро дар сатҳи наздик ба сифр нигоҳ дорад. Ин раванд иқтисодиётро дастгирӣ мекунад, аммо ба доллар таъсири манфӣ мерасонад.
Сармоягузорон даромадҳо аз сармоягузорӣ ба долларро гум карданд ва ҳоло онҳо роҳҳои дигари даромад меҷӯянд. Аксари ин роҳҳо хавфи зиёд доранд гуфта шудааст дар як пурсиши коршиносони асъорӣ, ки аз ҷониби Reuters анҷом ёфтааст.
"Доллар ҳанӯз ҳам аз рӯи тамоми нишондодҳо барзиёд арзёбӣ шудааст ва сиёсати пулию қарзии Бонки марказии Амрико онро ислоҳ хоҳад кард" - таъкид доштааст Кит Ҷукс, роҳбари стратегияи пулии Societe Generale.
Ҳанӯз моҳи ноябр коршиносон ҳушдор дода буданд, ки бо омодани раисҷумҳури нав Ҷо Байден, қурби асъори Амрико ҳатман паст хоҳад рафт. Демократҳо нақша доранд чораҳои иловагии фискалӣ роҳандозӣ намоянд ва ба иқтисод бастаи нави кӯмакҳо дар ҳаҷми тақрибан се триллион доллар ироа кунанд. Ин арзиши долларро дар муҳлати дарозмуддат коҳиш хоҳад дод, зеро он боиси афзоиши касри буҷа ва афзоиши қарзҳои беруна барои пӯшонидани он мегардад.
Панҷоҳ фоиз
Пешгӯиҳои иқтисоддонҳо чандон умед намебахшанд. Тиқби иттилои бонки Citigroup, ба сари қудрат омадани демократҳо эҳтимол дорад арзиши долларро дар соли 2021 20 дарсад коҳиш диҳад.
Нақшаи монандро раиси собиқи Шӯрои директорони Morgan Stanley Asia Стивен Роуч низ изҳор карда буд. Вай ба афзоиши касри буҷа ва сиёсати меъёри наздик ба сифри бонки маркахзии Амрико ишора кард.
Сармоягузори маъруф Ҷим Рикардс нақшаи аз ин ҳам бадеро гуфт. Вай қайд кард, ки Амрико дар ниҳоят бояд мушкилоти қарзиро ҳал кунад ва ҳалли он беқурбшавии 50 дарсадии долларро талаб мекунад.
Ҳамзамон,тибқи дурнамои иқтисоддон як унсияи тилло то 15 ҳазор доллар, нуқра то 100 доллар боло хоҳад рафт. Вай тавзеҳ медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида зери фишори як қатор кишварҳое қарор гирифтааст, ки зидди яккатозии Амрико дар низоми байналмилалии молиявӣ баромадаанд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи Русия ва Чин меравад. Маскав ва Пекин тиллои зиёд мехаранд ва долларро аз захираҳо берун меоранд.
"Дар тӯли чанд соли охир Русия захираи тилло ва асъори худро ба таври назаррас афзоиш додааст. Ғайр аз ин, Маскав қарзи бениҳоят хурд дорад. Такяи русҳо ба филизоти қиматбаҳо махфӣ нест, рубл аз ҳама пули бо тилло таъминшуда дар ҷаҳон аст", - шарҳ медиҳад таҳлилгар.
Гурӯҳи Байден ба кор шурӯъ мекунад. Ҳамаи вазирҳо иваз мешаванд. Масалан, Байден дар вазифаи вазири молия собиқ роҳбари Бонки марказии Амрико Ҷанет Йелленро мебинад. Байден ба ӯ эътимод дорад. Тавре Блумберг менависад Ҷанет Йеллен борҳо аз "бартариҳои доллари арзон барои содироти молҳои Амрико таблиғ карда буд".
Ин раванд иқтисоддонҳоро ба ташвиш овардааст
Тавсияҳо ба Йеллен инчунин, Ҳэнк Полсон, собиқ вазири молияи Амрико ва директори генералии Goldman Sach додааст. "Меъёрҳои фоизӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва қарзи федералӣ аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ зиёдтар аст", - гуфт иқтисоддон. "Муҳим ин аст, ки рушди қарзи давлатӣ бояд якбора манъ гардад. Агар ин кор анҷом наёбад арзиши доллар дер ё зуд коҳиш меёбад ва Вашингтон дигар наметавонад ӯҳдадориҳои худро иҷро кунад."
"Амрико ба хотири бартарӣ доштан дар рақобатпазирӣ хоҳони асъори беқурб нест. Мо бояд ба талошҳои кишварҳои дигар муқовимат нишон диҳем", - гуфт номзад ба курсии вазири молияи Амрико дар ҷаласаи кумитаи молияи сенат.
Бо вуҷуди ин, вазири молияи оянда аллакай изҳороти ҷиддӣ кард, ки ба арзиши асъори Амрико фоидаи хуб намеорад: вай даъват кард, ки ба иқтисодиёт асъори зиёд ворид гардад. Блумберг тахмин мезанад, ки барои сармоягузорон ин як нишонаи тамоюли поинравии дарозмуддати доллар аст.
Ба ҳар сурат, Иёлоти Муттаҳида маҷбур аст арзиши долларро поин барад: ин барои коҳиш додани касри савдо бисёр муҳим аст. Шояд ин барои Байден ягона роҳи барқарор кардани иқтисодиёт бошад.