Лавров гуфт муносибати Русияву Амрико дар аҳди Байден чӣ гуна тағйир меёбад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Русия тавзеҳ дод, ки муносибатҳои русия ва Амрико дар давраи Байден чӣ гуна тағйир меёбанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.

"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад

Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.

Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.

"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.

Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0