Ниёз ба артиши тавоно: Ғаффоров хост, дар хизмат адабиёт таълим дода шавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГаффоров Абдухалим
Гаффоров Абдухалим - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар артиш ба ҷадвали дарсҳо фанни адабиёт ворид карда шавад

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ғаффоров дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, пешниҳод менамоям, ки дар қисмҳои ҳарбӣ дарси адабиёт, баробар бо дарсҳои техникӣ, ба ҷадвали дарсӣ ворид карда шавад.

Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон
Киҳо аз хизмат озод шуданд ва чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд - шарҳи Шералӣ Мирзо

Тибқи гузориши нашрияи “Садои мардум”, Ғаффоров ҳадафи пешниҳодро дар он гуфт, ки ҷавонон донишро дар бораи адабиёти давраи классикию муосир ҳар чӣ бештар сайқал диҳанд ва бо эҳсоси баланди ифтихор аз кишвари маҳбуб, дӯст доштани Ватан ҳамеша омодаи хид­мат дар ҳифзи Ватан бошанд. Ӯ байти ҳаким Фирдавсиро зикр кардааст, ки "Пароканда лашкар наояд ба кор, дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор".

Раиси Ҳизби сотсиалистӣ хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон  бо  Афғонистон беш аз 1400 километр ва бо Қирғизистон беш аз 900 километр хати марз дошта, ин ҳолати воқеӣ тақозо менамояд, ки артиши миллии тавоно дошта бошем.

“Маҳз мавҷудияти ҳисси баланди ватандӯстӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати Ватанро ба ҷой меоранд, дар дифои кишвар ҳамеша омода бошанд”, - таъкид намуд Ғаффоров.

Лентаи хабарҳо
0