ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ҳамин тавр, тибқи лоиҳаи қонуни нав, ки аллакай вакилон онро тасдиқ кардаанд, ба чанд гурӯҳ бо сабабҳои вижа ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбӣ ва ё озод шудан аз он дода шуд.
Чунончи,шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, дар дигар давлат хизмати ҳарбиро ё ба он баробаркардашударо, инчунин хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд.
Нафароне, ки наздиконашон дар хизмат вафот кардаанд
Шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писари ё писархонди ягона мебошанд, инчунин, шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шаванд.
Нафаре ки ба нигоҳубини узви оилаи ба кӯмак эҳтиёҷдошта машғул аст
Ҳамчунин, муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, ба таъхир андохта мешавад.
Навигариҳои хизмати ҳарбӣ: хизмати пулакӣ, дипломдорҳо ҳам раванд, ба кор намегиранд
Чунин имкон ба онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани шартҳои зикргардида низ дода мешавад.
Муаллиму пизишки деҳот
Инчунин, даъватшавандае, ки модараш ба ғайр аз ӯ боз ду фарзанди ноболиғро танҳо тарбия менамояд, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр ё мутахассис таҳсил менамоянд, метавонанд хизмати ҳарбиро ба таъхир андозанд.
омӯзгороне, ки дорои маълумоти олии омӯзгорӣ буда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот ва онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд, шаҳрвандоне, ки ду ва зиёда фарзанд доранд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд.
Ёдрас мешавем, қонуни нави ҳарбӣ дар Тоҷикистон 20 январ тасдиқ шуд. Яке аз навгониҳое, ки дар он зикр мегардад, ин ҷорӣ шудани ҳуқуқи озод шудан аз хизмат бо пардохи маблағи муайян мебошад.
Чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд?
Ҳамчунин Шералӣ Мирзо тавзеҳ дод, ки чаро мӯҳлати ҳарбӣ дар кишвар, чуноне ки пештар пешниҳод гардида буд, кам карда нашуд.
"Облава"-ро аз байн мебарем: дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро 1,5 сол карданианд
Вай гуфт, шароити ҳозира то 18 моҳ ё 12 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок аз лиҳози нигоҳ доштани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва омилҳои иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ намебошад.
"Дар кишварҳое, ки муҳлати хизмати ҳарбиашон 12 ё 18 моҳ мебошад, хизмати ҳарбии шартномавӣ ҷорӣ гардида, сатҳи омодабошии ҷангӣ аз ҳисоби ҳамин ҷузъу томҳо, ки зиёда аз 50 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад", - таъкид кард вазир.
Инчунин, то 18 моҳ кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои таъминоти ақибгоҳӣ (муҳлатҳои истифодабарии сарулибос ва дигар амволи шайъӣ), хароҷотро то 30 фоиз зиёд менамояд, афзуд вай.