ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Айнӣ, майдони Нишон ва Парчам дар хиёбони Рӯдакӣ яъне маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Манбаъ зикр кардааст, ки лоиҳаи сохтмони Нишон ва Парчами давлатиро Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар вилояти Суғд тарҳрезӣ намуда, он аз ҷониби ширкати “Зарафшон сохтмон” бунёд карда мешавад.
“Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо суръат ҷараён дошта, сохтмончиён сутунпояи Нишонро, ки 22 метр баландӣ дорад, бунёд намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Саёҳати 10 сафири хориҷӣ дар "Саратоғ"-и Айнӣ: ба меҳмонон хӯроки милӣ пухтанд
Гуфта шудааст, ки ахиран раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз ҷараёни сохтмони Парчами давлатии Тоҷикистон дидан намуда, ба бинокорон супориш дод, ки нисбат ба бунёди ин иншоот муносибати ҷиддӣ намуда, аз масолеҳи хушсифат истифода баранд.
Гуфта мешавад, ки Парчами давлатӣ бо баландии 47 метр бунёд мегардад.