Дар рейтинги навшудаи байналмилалии қудрати ҳарбӣ, Тоҷикистон аз қатори 138-и имконпазир мақоми 99-умро ишғол кардааст.
Тибқи маълумоти нашркардаи ширкати байналмилалии Global Firepower, мавқеи ҷумҳурӣ дар тӯли сол тағйир наёфтааст. Дар артиши Тоҷикистон нӯҳ ҳазор нафар ҳузур доранд. Ин 0,1% аз шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 2020 барои мудофиа ва силоҳ 79 миллион доллар ҷудо кардааст.
Аз миёни таҷҳизоти техникии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз ҳама беш техникаи зиреҳпӯш - 400 адад, мавҷуд аст. Сипас дар ин феҳраст танкҳо қарор доранд, ки шумораи умумии онҳо 253 адад аст.
Гузашта аз ин, дар низоми захиравии кишвар 125 маҷмааи мушакӣ, 80 тӯп ва 20 чархбол қарор доранд.
Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон қавитарин артишро дорад, ки бо 50 000 сарбозаш дар ҷои 51-ум қарор гирифта, ба ин соҳа 15 миллиард доллар масраф мекунад.
Қирғизистон каме болотар аз Тоҷикистон, дар хатти 93 қарор дорад, ки 11 000 сарбоз ва 20 миллион доллари амрикоӣ барои силоҳ солона харҷ мекунад.
Буҷаи мудофиавии Афғонистону Қазоқистон 4 миллиард доллар ва аз Туркманистон 800 миллион доллар мебошад.