ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.
Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.
Гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд, маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон бо 20 чархбол, 253 тонк, 400 техникаи зиреҳпӯш, 80 тӯбхона ва 125 проекторҳои мушакӣ мусаллаҳ аст. Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.
Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.
Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.
Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо
Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.
Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд
Артиши Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.