ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Таъйин шудани намояндаи нави СҶБ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи май Галина Перфилиева аз мақом рафт ва ба ҷойи ӯ Бахтигул Карриева омада буд.
Иллати аз вазифа канор мондани Перфилимеваро ба анҷоми маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон рабт дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, бо гузашти ҳамагӣ чанд моҳ сару садоҳо дар мавриди барканории Бахтигул паҳн шуд.
Аз намояндагии СҶБ дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки Бахтигул бинобар сироят шудан ба маризии коронавирус аз вазифааш канор монд.
Манбаъ меафзояд, Бахтигул Карриева моҳи ноябри соли гузашта дар вилояти Суғд гирифтори коронавирус шуд. Намояндаи СҶБ табобатро нахуст дар хона гирифт, вале пас аз бад шудани вазъаш ӯро дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе хобонданд. Ахиран ӯ ба Капенгаген кӯчонда шуд.
Чаро муовини вазири тандурустӣ ва намояндаи СҶБ бо раиси вилояти Суғд дидор карданд?
Гуфта мешавад, Карриева бемории музмин дошт ва аз ин рӯ ба гурӯҳи хавф дохил мешавад, вале ҳоло вазъияти собиқ намояндаи СҶБ дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ мешавад.
Виктор Олшавский кист?
Виктор Олшавский 61 сол дорад ва аз соли 1997 намояндаи СҶБ дар Босния ва Ҳерзеговина раҳбарӣ мекунад. Ҳангоми кор дар ин кишвар, ӯ инчунин ба намояндагиҳо дар Того, Ҷумҳурии Молдова ва Ӯзбекистон кумак кардааст.
Дар охири моҳи декабри соли 2020, дар натиҷаи интихоби озмун, ӯ ба ҳайси намоянда дар Тоҷикистон таъин шуд.
ТУТ: пӯшидани ниқоб дар Осиёи Марказӣ ҷони беш аз 200 ҳазор нафарро наҷот медиҳад
Олшавский доктори илмҳои тандурустии ҷамъиятӣ буда, номзади илмияшро дар мавзӯи "Профили ҳамшираҳои шафқат дар Руминия" ҳимоя кардааст.
Солҳои 1981-1987 дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, солҳои 2001-2002 Донишгоҳи Бухарестро хатм намудааст.Дараҷаи магистр дар соҳаи менеҷменти хидматрасонии иҷтимоӣ дорад.