ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Як манбаъ дар Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмурияти хонум Перфилиева ба анҷом расида, масъулиятҳояшро ба нафари нав вогузор кард.
"Он кас ҳафтаи гузашта тарки Тоҷикистон карда буданд”, - гуфт ин манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, Бахтигул Карриева, корманди масоили стратегии Дафтари мудири минтақаии Бюрои аврупоии минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло иҷрокунандаи вазифаи намояндагии ин созмон дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Дар бораи тақаррурии навбатии Галина Перфилиева ҳанӯз иттилое дар даст нест. Аммо гуфтугузорҳо дар бораи барканории ӯ ҳанӯз дар оғози моҳи равон дар пайи эълон шудани аввалин мавориди гирифторӣ ба "вируси корона" пайдо шуда буданд.
Мавсуф он замон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ӯ ба таври муваққат дар ин мавқеият қарор дошт, аз ин хотир, аз вазифа барканор намешавад.
"Муддати мадидест, ки дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) бознишаста шудаам. Қарордоди ман ҳам ба охир мерасад. WHO талош мекунад то як фарди ҷойгузин вуҷуд дошта бошад, аммо ҳоло чизе дақиқ нест. Ман аз шумо илтимос мекунам, бигузоред мо кор кунем, бо ҳам кор кунем. Ва акнун муҳиммтарин чиз кори маъмурият (миссия) аст ва на мавориде, ки шумо фавран бояд бидонед”, - гуфта буд хонум Галина Перфилева.
Галина Перфилиева дар соли 1978 доктории пизишкиро аз Донишгоҳи давлатии тибии шаҳри Мински Белорус дарёфт кардааст. Пас аз он, ӯ дар соҳаи тандурустии умумӣ ва мудирият омӯзиш дид.
Вай соли 1991 барои пешгомӣ дар умури мудирияти тандурустӣ идрори Келлогаро ба даст овард. Хонум Перфилиева беш аз 25 сол аст, ки дар замина манобеъи инсонии соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунад.
Ӯ ба унвони мудири маркази ҳамкории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар умури парасторӣ дар Русия ва мушовири созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият доштааст. Вай дар соли 2003 ба дафтари минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷаҳонӣ пайвастааст. Чанд соли ахир намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон буд.