ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Аҳмадов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, табибони Бемористони шаҳрии № 1 - и Хуҷанд беш аз ду ҳафта захмҳои бардоштаашро тадобӣ намуда, дар поёни моҳи декабр барои рухсат шудан ба хонааш иҷоза додаанд.
Бино ба гуфтаи табибон, захми корд ба ноҳияи шуш ва гурдаи варзишгар осеб расонидааст.
"Худоро шукр, ки ҷарроҳии захмҳо ба хубӣ сипарӣ шуд. Ташаккур ба табибон, ки дар барқароршавии саломатии ман кӯшиш намуданд. Ҳоло кам-кам ба машқу тамрин сар кардаам", - гуфт варзишгар.
Мубинҷон Аҳмадов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи захминшавиаш аз зарби кордро нақл кард. Ӯ гуфт, "шоми санаи 6 декабри соли 2020, ҳамроҳ бо як гурӯҳ ҷавонон дар варзишгоҳи воқеъ дар боғи "Ғалаба" - и Хуҷанд футбол бозӣ кардем ва дар ҷараёни бозӣ бо як ҷавон "нофаҳмие" ба вуҷуд омада, аз ҳамдигар узр пурсида ба бозӣ идома додем.
" Баъди берун шудан аз варзишгоҳ ҳудуди 20 нафар бо он ҷавон якҷо шуда, бо корд ба ман ҳамла карданд. Дар шоми хира кӣ маро бо корд зад, дуруст дида натавонистам", - шарҳ дод Аҳмадов.
Аз Комроншоҳу Хушқадам то Баҳодур: 10 варзишгари беҳтарин Тоҷикистон аз нигоҳи АЖРВТ
Акбар Шарифӣ котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ҳодисаи рухдода ба Аҳмадовро шарҳ дода гуфт, ки ду нафар аз омилони ҳамла ба варзишгар дастгир шуда, нисбати онҳо, ки яке хонандаи мактаб (15 - сола) ва дигаре ҷавони 21 - сола аст, парвандаи ҷиноӣ ба ҷурми "авбошӣ" ва "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" оғоз карда шудааст.
"Кормандони милиса муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии "Ғалаба", воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.
"Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - гуфт манбаъ.
Мубинҷон Аҳмадов сокини 24 - солаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ барандаи медали бринҷии қаҳрамоии Осиё аз рӯи гуштини тарзи юнонӣ - румӣ дар вазни 63 кг аст, ки феврали соли 2020 дар шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон ба даст овардааст.
Ба ҷуз ин, ӯ соли 2019 дар чандин мусобиқаҳои минтақавию байналмиллалӣ дар кишвари Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Фаронса иштирок карда, мақоми ифтихориро ишғол намудааст. Ғолиби 5 каратаи Тоҷикистон аз рӯи гуштини тарзи юнониву румӣ дар вазни 63 кг аст.
Ӯ аз соли 2007 то соли 2018 дар мактаб ва Омӯзишгоҳи захиравии олимпии Русия дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст. Шурӯъ аз соли 2018 ӯ ба кишвар баргашта, узви тими мунтахаби Олимпии Тоҷикистон мебошад.
Аҳмадов гуфт, мутаасифона бо сабаби рухдоди ҳодисаи рӯзи 6 декабр ба мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Белгарди кишвари Сербистон иштирок карда натавонист.
“Кӣ медонад, ки пагоҳ чӣ иттифоқе рух медиҳад, ба ҷуз Офаридгор ҳеҷ кас. Барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиядаи шаҳри Токиои Ҷопон омодагӣ мебинам ва умедворам, ки ба ин ниятам муваффақ гардам", - зикр кард варзишгар.