Тағйироти кадрӣ: таъини Ғафуров ба вазифаи нав ва cитоиш аз меҳнати софдилонаи ӯ

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдувосит Ғафуров дар вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷоновро иваз кард

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар Мақомоти шаҳри Хуҷанд муаррифии мудири тозатаъини бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд-Абдувосит Ғафуров баргузор гардид.

© Пресс-служба мэрии города ХуджандАбдувосит Гафуров назначен руководителем молодежного и спортивного сектора в Худжанде
Тағйироти кадрӣ: таъини Ғафуров ба вазифаи нав ва cитоиш аз меҳнати софдилонаи ӯ - Sputnik Тоҷикистон
Абдувосит Гафуров назначен руководителем молодежного и спортивного сектора в Худжанде

Бино ба гузориши дафтари матбуотии шаҳри Хуҷанд, дар ин бора Фирӯза Нуруллозода муовини раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

"Бо пешниҳоди раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва фармоиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувосит Ғафуров ба вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд таъин гардид", - омадааст дар хабарнома.

Абдувосит Ғафуров хатмкардаи ихтисоси математикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳри Бӯстон буда, аз соли 2007 то таъин гардидан ба мансаби мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар вазифаҳои мухталифи соҳаи ҷавонон ва варзиши Мақомоти Хуҷанд ифои вазифа намудааст.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати мушовараи мақомоти андоз ва 2 кумитаи дигар

Масъулини баландпоя аз меҳнати софдилонаи Ғафуров ситоиш карданд.

"Мавсуф вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияш роҳандозӣ намоянд", - омадааст дар хабарнома.

Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шаҳбоз Ахмедов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ ва дигарон аз хислатҳои хамида ва фаъолнокию кордонии Абдувосит Ғафуров тавсиф намуда, барои кору меҳнати минбаъдааш муваффақиятҳо орзу намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки қаблан дар вазифаи мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов фаъолият дошт, ки алҳол мавсуф дар маснади роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд кор мекунад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шумораи умумии ҷавонони шаҳи Хуҷанд 61,8 ҳазор нафар буда, аз ин 30,8 ҳазор нафар духтарон ва 31 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон муовини вазири дифоъро аз вазифа озод кард

Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 185 майдончаҳои варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 4 ҳавзҳои шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо маром идома дошта, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 16 иншооти варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шуд. Дар шаҳр 6 мактабҳои варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рўи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар ба варзишгарон машқу тамрин медиҳанд, ки ин шумора 421 нафарашон духтарон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0