Ҳукумати Қирғизистон боз истеъфо дод

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкМитинг сторонников С. Жапарова в Бишкеке
Митинг сторонников С. Жапарова в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тасмими истеъфои кабинаи вазирони Қирғизистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии Содир Ҷабборов дубора ба истеъфо рафт, иттилоъ додааст ба хабарнигорон роҳбари дастгоҳи президент Суюнбек Касмамбетов.

Ин тасмимро кабинаи вазирони Қирғизистон дар робита ба эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ гирифтааст.

"Ҳамин ки натиҷаҳои интихобот эълом шуданд, Содир Нургожоевич аз мақоми сарвазир истеъфо дод. Ҳукумат истеъфо дод ва аъзои кабинаи вазирон вазифаҳои худро то ташкили ҳайати нави ҳукумат иҷро хоҳанд кард", - таъкид дошт Касмамбетов.

Ёдрас мешавем, ки Ҷабборов дар ҷараёни тазоҳуротҳо, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи октябр сар зада буд, нахуствазир интихоб шуд.

Пресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон
ВУХ Қирғизистон: Содир Ҷабборов ба Маскав меравад

Дар интихобот ҳузури райдиҳандагон ба 56,5 дарсад расида буд.

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, дар интихобот ду ҳизби ҷонибдори давлат "Биримдик" ("Ваҳдат") ва "Мекеним Қирғизистон" ("Ватани Қирғизистон") раъйи бештарро ба даст оварданд. Инчунин дар интихобот ду ҳизби марказгаро - "Қирғизистон" ва "Бутун Қирғизистон" низ пирӯз шуданд. Қисми боқимондаи фраксияҳо ҳатто то 7 дарсад раъй ба даст наоварданд.

Пас аз эълони натиҷаҳо, дар Бишкек эътирозҳои тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, оғоз ёфт. Баъдтар, КМИ Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи гузаштаро бекор кард ва овоздиҳии нав эълон кард ва Сооронбай Жээнбеков аз вазифаи президентӣ истеъфо дод.

Баъд аз истеъфои Жээнбеков Ҷабборов иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур интихоб шуд.

Лентаи хабарҳо
0