ВУХ Қирғизистон: Содир Ҷабборов ба Маскав меравад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии
Пресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Русия сафари дипломатӣ анҷом хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости дар бораи сафари Содир Ҷабборов ба Маскав хабар дод.

Кандидат в президенты Кыргызской Республики Садыр Жапаров после голосования на досрочных выборах президента на одном из избирательных участков в Бишкеке. - Sputnik Тоҷикистон
Содир Ҷабборов дар интихоботи президентӣ пешсаф аст

Дар сурати пирӯзии номзад дар интихоботи президентӣ сафар ба Русия ҳатман сурат мегирад, илова кард дипломат.

Қазоқбоев афзуд, ки то ҳол ягон даъвати расмӣ аз ҷониби Русия нашудааст ва санаи сафар комилан аз Маскав вобастагӣ дорад.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон таъкид доштааст, ки "Русия барои Қирғизистон ба ҳайси як  шарики стратегӣ ва шарики асосӣ, чӣ дар равобити дуҷониба чӣ дар равобити чандҷониба буд ва боқӣ мемонад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор шуд.

Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, тақрибан дар 98 дарсади  участкаҳои интихоботӣ, Содир Ҷабборов пешсаф аст, вай беш аз 79 дарсад орои мардумро ба даст овардааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аллакай номзади пешсафро вобаста бар пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ паёми табрикот ирсол кард.

Дар паёми худ роҳбари Русия қайд кардааст, ки муносибатҳои Русия ва Қирғизистон хусусияти ҳамкории стратегӣ ва шарикӣ  доранд.

Лентаи хабарҳо
0