ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Блогери машҳури тоҷикистонӣ Дина Саева ба ҳамвандонаш хабар дод, ки рӯзҳои оянда онҳоро бо аксҳои нав шод карда наметавонад. Дар баробари ин ӯ мегӯяд, сафараш ба осоишгоҳ барояш ғайричашмдошт буд.
Зиёда аз ин, тибқи қавонини санатория ба ӯ истифодаи интернет иҷоза дода намешавад.
Ҳаводорони блогер ҳадз задаанд, ки ин на истироҳат, балки табобати иҷборӣ аст: чун вақтҳои охир Дина хеле лоғар шудааст, ки сабабаш стресс, мушкилоти равонӣ ё вобастагӣ аз чизе шуда метавонд.
Сабаби дигар метавонад бемориҳои қаблӣ бошад. Масалан, тобистони соли гузашта духтарак ҷарроҳии мураккаберо аз сар гузаронид.
Аммо, PR-директори блогер Максим Задворнов дар суҳбат бо StarHit тавзеҳ дод, ки сафар ба осоишгоҳ хусусияти табобатӣ надорад. Вай гуфт, Саева дар санаторияи оддии Русия аст, на дар реабилитатсия ё ягон клиникаи махсус.
"Яке аз шартҳои истироҳати хуб дур будан аз кор аст. Азбаски кори Дина блоггинг аст - ин маънои аз шабакаҳои иҷтимоӣ канда шуданро дорад. Вай, албатта, намехоҳад аз ҳамвандонаш ҷудо шавад, аммо барои истироҳат бояд баъзан ин корро кард", - гуфт Задворнов.
Ёдовар мешавем, ки зодаи Тоҷикистон Дина Саева дар Русия шӯҳрати беандоза пайдо кардааст. Маҷаллаи Forbes ӯро дар байни блогерҳои сердаромади TikTok дар Русия аз пешсафон ном бурд.