ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Блоги машҳури Русия Мадина Басаева (Дина Исаева) қоидаҳои ҷоришудаи карантиниро нақз карда шабнишинӣ доир кардааст ва ситораҳои санъати Русияро ба он даъват намудааст, хабар медиҳад шабакаи "360".
Дискотекаро блогер ба муносибати рӯзи барояш бисёр муҳим - бештар шудани шумораи ҳамвандонаш дар TikTok, ки аз 10 миллион нафар гузаштааст, барпо намуд.
Ӯ ба қоиҳаои карантинӣ дар кишвар нигоҳ накарда ин шабнишиниро барпо кардааст.
Аз наворе, ки Мадина дар саҳифааш дар инстаграм нашр кардааст, дида мешавад, ки барои муборакбодии ӯ Дима Билан ва Клава Кока омадаанд.
Дар шабнишинии блогер ҳамчунин ҳамкори дигараш блогери тоҷикистонӣ - Sasha Masskva низ ҳузур дошт.
Аз афташ дар ин шабнишинӣ касе хавфи гирифторӣ ба коронавирусро надоштааст, чун аз видео дида мешавад, чигуна меҳмонон биидуни ниқоб, дастпӯш ва риояи масофаи иҷтимоӣ ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд ва рақс мекунанд.
Бояд гуфт, Мадина дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамроҳи хонаводааш аввал ба шаҳри Екатеринбург ва баъдтар ба Маскав кӯчиданд.
Дар аввал ӯ бо фонаграмма суруд мехонд ва ҳаргуна видеоҳоро дар саҳифааш нашр мекард. Баъдтар ӯ ба TikTok гуфзашту акнун Мадинаро маликаи TikTok дар Русия унвон кардаанд.
Ахиран ӯ дар намоҳанги сарояндаи рус Егор Крид нақш офарид ва бо ширкатҳои бонуфузи Coca-Cola ва Dolce & Gabbana шартномаи ҳамкорӣ баст.