Мусозода: “Рӯзи Иди Рамазон мардум дар хона ба тоату ибодат машғул шаванд”

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВерующий на намазе в мечети, архивное фото
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоҷиҳусайн Мусозода, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд дар бораи рӯзи 24 уми май таъин шудани Иди Рамазон хабар дода, аммо гуфт, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона хондани намози Иди Фитр дар масҷидҳои кишвар баргузор намешавад

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз 20 уми май ба баргузории як ҷаласа, ки ба таври онлайн доир шудааст, дар бораи санаи баргузории рӯзи Иди Рамазон қарор қабул кардааст.

Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон эълом шуд

Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода, раиси уламои дини вилояти Суғд ва ҳамзамон муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз иштирокдорони ин ҷаласаи онлайнӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 24-уми май, рӯзи Иди Рамазон дар кишвар эълон карда шуд.

11 супориши муҳлатноки Раҳмон ба Ҳукумат ва вазоратҳо барои пешгирии COVID - 19

Ӯ гуфт, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ё COVID – 19 хондани намози Фитр дар масҷидҳо гузошта намешавад.

“Намози Ид хонда намешавад, вале ба мардум тавсия дода мешавад, ки дар вақти баргузории он, дар хонаҳояшон ба тоату ибодати зикри Худо машғул шаванд”, - таъкид намуд Мусозода.

Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имсол ҳаҷми нисоби закот 21 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, мусалмононро зарур аст, ки 2,5 дарсад ё 525 сомонӣ аз ин ҳисоб ҳамчун закот диҳанд. Садақаи Фитр ба мисли солҳои қаблӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шудааст.

Ҳоҷиҳусайн Мусозода иброз намуд, ки дар айни шуюъи бемории вируси корона, тавсияҳои Шурои маркази исломӣ дар бораи чи гуна таҷлил намудани Иди Рамазонро аз тариқи шабакаҳои телевизионии Суғд ба мардум эълон мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0