Хатнаи ройгони наздик ба 85 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Младенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар соли 2020 бо мақсади гузаронидани маросими хатна дар муассисаҳои тиббӣ 694 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки дар давоми соли 2020 дар Тоҷикистон 84 ҳазору 848 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.

Директор Федерального научного центра трансплантологии и искусственных органов им. академика В.И. Шумакова Сергей Готье во время осмотра пациента - Sputnik Тоҷикистон
Ройгон: давоми шаш моҳ 38,6 ҳазор амалиёти хатна гузаронида шуд

Бояд қайд кард, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шуда буд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Ҳамчунин маросими мазкур  танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.

Манбаъ қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба Қонун дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон будааст.

Лентаи хабарҳо
0