Ройгон: давоми шаш моҳ 38,6 ҳазор амалиёти хатна гузаронида шуд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкДиректор "Федерального научного центра трансплантологии и искусственных органов им. академика В.И. Шумакова" Сергей Готье во время осмотра пациента
Директор Федерального научного центра трансплантологии и искусственных органов им. академика В.И. Шумакова Сергей Готье во время осмотра пациента - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Айни замон дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 580 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардидааст.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ  ба 38618 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида  шудааст.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Рашт 80 кӯдакро ройгон хатна карданд

Қобили зикр аст, ки хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Дар асоси тағйиру иловаҳои ахире, ки моҳи августи соли 2018 ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Инчунин, соли 2017 ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и  қонуни мазкур чунин омадааст:

“Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад”.

Гуфта мешавад, ки ин тадобир бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати иҷрои  супоришҳои  Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ шуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0