Пеш аз паёми раисҷумҳур: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

© Sputnik / Амир ИсаевЦентр города Душанбе
Центр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вакилони маҷлисро ба ҷаласаи навбатӣ даъват кардааст.

Тавре котиботи Маҷлиси миллӣ гузориш медиҳад, дар ин бора қарори вижаи Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии 4 масъалаи муҳим дар иҷлосияи чаҳоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Тибқи қарори мазкур иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум 25 январ, соати 11:00 дар Душанбе баргузор карда хоҳад шуд.

"Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор мекунам: иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар қарори раис.

Ёдрас мешавад, дар ҳамин ҳол пештар раиси Маҷлиси намоянагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода қарореро имзо кард, ки мувофиқи он рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Ҷаласаи якҷоя: рӯзи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаашро ба парлумон ироа кунад. Ҳамасола раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён медорад.

Одатан паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон охири декабр сурат мегирифт, аммо паёми имсола ба моҳи январ гузаронда шуд.

Лентаи хабарҳо
0