ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, 25 декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад.
Гуфта шудааст, ки айни замон ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 4 масъала - дар бораи ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2020”, Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.
Ҳамчунин тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2020 барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд.
Тибқи ин қарор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 22 декабри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Гурӯҳи корӣ ин таклифу пешниҳодҳоро барои баррасӣ дар иҷлосия пешниҳод менамояд.