Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2021 қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2020 6,1% зиёдтар аст.
Манбаъҳои ташаккули буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 андозҳо (18,8 миллиард сомонӣ), даромадҳои ғайриандозӣ (1,39 миллиард сомонӣ), грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ (0,3 миллиард сомонӣ), қарзҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (4,87 миллиард сомонӣ), маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (2,26 миллиар сомонӣ) ташкил медиҳанд.
Дар соли 2021 ба бахши иҷтимоии иқтисод 13,16 миллиард сомонӣ ва ба бахши воқеии иқтисод 8,38 миллиард сомонӣ равона мешавад.
Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд
Аз буҷаи давлат барои бахши қудрат ва идоракунии давлатӣ 1,43 миллиард ва барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, 2 миллиард сомонӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзӣ равона хоҳад шуд.
Тибқи гузориши пешниҳодшуда, имсол ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди маблағҳо ба соҳаи маориф - 5,59 миллиард сомонӣ равона карда шаванд.
Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020
Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолӣ 4,1 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Қариб ҳамин миқдор маблағ дар Тоҷикистон барои рушди комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ равона мегардад. Ҳамзамон, касри буҷа 0,5% ё 463 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.