ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 12 нафар аз маризии коронавирус ва илтиҳоби шадиди шуш ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, 11 нафар қурбони коронавирус шуда, як бемори дигар аз илтиҳоби шадиди шуш фавтидааст. Ҳамзамон дар қаламрави ин ҷумҳурӣ 972 мавриди нави сироятёбӣ ба вируси COVID -19 сабт гардидааст.
Манбаъ меафзояд, дар дармонгоҳҳои Қазоқистон феълан 12 284 бемор мавриди табобат қарор доранд.
Бояд гуфт, ки сар аз 1 августи соли гузашта дар Қазоқистон 47 ҳазор ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 534 мариз ҷон бохта, 11 781 нафар ҳоло аз илтиҳоби шуш табобат гирифта истодаанд.
Вазорати тандурустӣ: омори шабонарӯзи ахири коронавирус ба сифр баробар аст
Афзоиши фавту ҳолатҳои нави беморшавӣ дар Қазоқистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз беҳ ёфтани вазъи коронавирус хабар медиҳад.
Наздики ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ягон мавриди беморшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст ва теъдоди сироятшудагон низ ба сифр баробар шудааст.