Коршинос сабаби нест шудани коронавирус дар Тоҷикистонро шарҳ дод

Обуна шудан
Табиби хизматнишондодаи Русия, Александр Карабиненко маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистонро дар бораи якбора коҳиш ёфтани ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз коронавирус шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.

Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем  нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.

Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: омори шабонарӯзи ахири коронавирус ба сифр баробар аст

Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.

"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.

Ба гуфтаи табиби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.

"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.

"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.

Лентаи хабарҳо
0