ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакли таҳриршудаи филми машҳури "Дар хона танҳо" роҳ ёфт, ки лаҳзаи нақшофарии Доналд Трамп аз он ҷо қайчӣ шудааст.
due to popular request I have removed trump from home alone pic.twitter.com/HoTA2csMl4
— ᅟᅟᅟᅟᅟᅟᅟᅟ (@maxschramp) January 9, 2021
Дар шакли аслии ин филм, қаҳрамони асосӣ вориди меҳмонхонаи Plaza шуда, аз Доналд Трамп пурсон мешавад, ки ба миёнасарой чӣ гуна роҳ ёбад.
Ҳоло, дар шакли таҳриршудаи филм, Трампро аз кадр тоза ва овозаш низ пахш шудааст. Ба назар чунин менамояд, ки Кевин бо одами ноаён сӯҳбат мекунад.
Худи қаҳрамони филм Маколей Калкин низ шакли навро дастгирӣ намуда, зери навори интишоршуда, "Офарин" навиштааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Амрико пас аз эътирозҳо ва забти Капитолия аз ҷониби тарафдорони Трамп, мардум алайҳи ӯ ба шӯр хест.
Гузашта аз ин, Конгресс Доналд Трампро импечмент эълон кард.
Кишвардори феълӣ ҳарчанд яке аз номзадҳои калидӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар буд, аммо дар сабқат натавонист пирӯзӣ ба даст орад.
Трамп Кохи Сафедро субҳи рӯзи чаҳоршанбе тарк хоҳад кард
Ӯро Ҷо Байден бо ба даст овардани аксари орои мардум шикаст дод ва рӯзи 20 январ маросими савгандёдкунии ӯ баргузор мешавад.