Трамп: нақш офаридан дар филми "Танҳо дар хона - 2" бароям шараф буд

© AP / Alex BrandonПрезидент Дональд Трамп
Президент Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Трамп мегӯяд, аксар вақт кӯдакҳо мегӯянд, ки ӯро дар филми "Танҳо дар хона", қисми дуввум дидаанд. Ӯ иқрор шудааст, ки барояш нақш офаридан дар ин филм шараф буд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп мегӯяд, ки аз он хушбахт аст, ки дар филми "Танҳо дар хона - 2" нақш офарида буд.Ин иддаоро Доналд Трамп дар бошишгоҳи худ дар Флорида аснои сӯҳбати видео бо низомиён иброз дошт.

Трамп мегӯяд, ин филм солҳост, ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

"Аксар кӯдакҳо мегӯянд, маро дар филми "Танҳо дар хона - 2" диданд. Ин  бисёр филми хуб аст, он замон ман ҷавонтар будам. Бароям боиси хушбахтӣ аст, ки дар филми мазкур нақш офаридам", - изҳор намудаст Трамп.

Идомаи филми "Танҳо дар хона" соли 1992 сабт гардида буд ва раисҷумҳурии феълии Fмрико Доналд Трамп дар ин филм нақши эпизодӣ бозида буд.

Лентаи хабарҳо
0