ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ то имрӯз, 16 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Қобилҷон Гиёев, собиқ сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт пештар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикстон гуфт, дар COVID – 19 дар Тоҷикистон ҷазояшро дид, аммо набояд ғафлат кард.
Ин пизишке, ки аз замони оғози гирудор бо “вируси корона” бо усули ғайримаъмулии табобаташ мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор дошт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пирӯзии мардум ва ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, раҳбарияти вазорати тандурустӣ ва тамоми пизишкони кишвар шароитеро ба вуҷуд овардааст, ки “вируси корона” дигар ба он вусъату паҳно сар боло накунад.
Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?
“Агарчи дар кишварҳои дигари ҷаҳон ин вирус ҳанӯз бедодгарӣ мекунад, дар Тоҷикистон бо сабабҳои комилан маълум шикаст хӯрдааст. Қабл аз ҳама, дар ҷомеа масъунияти умумӣ ба вуҷуд омад, ки густариши ин маризиро батамом кунд кард. Аз сӯи дигар, боду ҳаво, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳам гум шудани воҳимаву тарси мардум мӯҷиби ин шикаст шудааст”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.