COVID-19 ё дигар омилҳо? 50 % корхонаҳои Хуҷанд соли 2020 кам маҳсулот истеҳсол кардаанд

Обуна шудан
Масъулини ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории як ҷаласа, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии давоми соли 2020 ҳосилшударо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 15 янв – Sputnik. Дар ҷараёни баргузории ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд 17 корхонаи саноатӣ бо таъсис додани 425 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Дар ҳамин ҳол шумори корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар ин шаҳри маркази Суғд ба 169 адад баробар шуда, бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии ҷойдошта ба андозаи 1 миллиарду 492, 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 15, 2 дарсад афзудааст.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд бо зикри ин иттилоъ гуфт, бо вуҷуди нишондодҳои хуби оморӣ, ҳамоно камбудиҳо дар соҳаи саноат ҷой доранд. Ин масъули ҳукумати Хуҷанд иброз намуд, ки 77 адад корхонаҳои саноатии шаҳр дар соли гузашта фаъолияти назаррас надоштаанд.

"Дар соҳаи саноати шаҳр сарфи назар аз дастовардҳо, ҳоло ҳам мушкили ба пуррагӣ истифода нашудани имкониятҳо ҷой доранд. Дар ин давра аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 77 адад ё 45, 5 % нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида кам маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ҳаҷми маҳсулоти тавлидшудаи ин теъдод корхонаҳо ҳамагӣ 41, 9 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда муттаасифона давра ба давра кам шуда истодааст", -  гуфт Нуруллозода.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи чи гуна коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ зикр кард.

Ӯ гуфт, дар соли 2020 ҳаҷми бақияи маҳсулотҳои бозистода дар амбори корхонаҳо ба андозаи 12, 6 миллион сомонӣ дар муқоиса ба соли гузашта зиёд гардида, ин ҳол дар навбати худ ба коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ бе таъсир намондааст.

Лентаи хабарҳо
0