Мақомот Одинаевро ба кӯшиши муташанниҷ сохтани авзои сиёсӣ муттаҳам кардааст

Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро дар кӯшиши муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвар айбдор кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини дигари раҳбари ҲСДТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мақомот Маҳмурод Одинаевро  барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва гуфторҳои сиёсияш дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор муттаҳам мекунанд.

Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони давлатро таҳдид кард: шарҳи Прокуратураи генералӣ аз боздошти Одинаев

Ба гуфтаи ӯ, нисбати Одинаев ҳоло бо гумони “кӯшиши мутташаниҷ сохтани авзои сиёсӣ ва даъвати мардум ба гирдиҳамоӣ” айб эълон шудааст.

 “Гӯё ӯ мардумро даъват кардаст, ки ба майдон оянд. Дар куҷо ва кай ӯ чунин даъват кардааст, норӯшан аст ва мо аз ин гуна ҳолат хабар надорем”, - гуфт, Ҳакимов.

Номбурда гуфт, мақомот барои ин айби эълонкардашон то чӣ андоза далелҳо доранд, норушан аст ва инро вақт нишон медиҳад, аммо ҳоло бо чанд модда айбдор кардани ӯ низ дақиқ нест.

Мо бо раҳбарияти ҳизб бо Одинаев дар тамоси нестем, чун ин иҷозаро ба мо надодаанд, то аз вазъи ҳол пурра огоҳ ва чораандешӣ кунем то қазия хусусияти сиёсӣ пайдо накунад.

Ба гуфтаи Ҳакимов, барои гирифтани вакили дифоъ аз сӯи ҳизб иҷоза нашуд ва мақомот ба Одинаев адвокати расмӣ пешниҳод карданд.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд

Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки Одинаев барои “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” низ гунаҳкор мешавад, ки қонунгузорӣ барои ин иттиҳом аз панҷ то 10 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВУД дар бораи қазияи писари Маҳмурод Одинаев-видео

Ёдовар мешавем, Маҳмурод Одинаев пас аз чанде нопадидшавӣ аввали моҳи декабри соли гузашта аз суи  мақомот боздошт шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи боздошти Одинаев гуфт, Одинаев бо собиқ ҳамсараш Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.

Манбаъ гуфт, "бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои "б" ва "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0