Намояндагони давлатро таҳдид кард: шарҳи Прокуратураи генералӣ аз боздошти Одинаев

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошти Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ тавзеҳ дода гуфт, ӯ намояндагони давлатро таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ниҳод гуфтааст, ки Маҳмурод Одинаев тартиботи ҷамъиятиро дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор вайрон карда, "нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".

Махмурод Одинаев - зам глава СДПТ - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шуд

"Одинаев  29 октябр соати 16:30 дақиқа бо собиқ ҳамсараш Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст", - менависад манбаъ.

Манбаъ афзудааст, "бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои "б" ва "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд".

"Бинобар сабаби ба даъвати чандин каратаи  кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти  ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  вогузор карда шуд", - афзудааст прокуратураи генералӣ.

Мақомот Одинаевро дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир карда, ба прокуратураи ноҳияи Ҳисор бурдаанд.

Шарҳи ВУД дар бораи қазияи писари Маҳмурод Одинаев-видео

"Нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш.  дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад", - менависад прокуратура.

Ёдрас мешавем, пештар аз боздошт шудани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай, Одинаевро имрӯз соати 11 мақомот боздошт кардаанд.

Пештар Зойиров дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки Маҳмурод Одинаев, аз худ хабар дод, ки зинда аст.

 Ба гуфтаи раҳбари ин ҳизб, ӯ ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст.

Мақомот мегуфтанд, ки дар бораи нопадид шудани Одинаев хабар надоранд.

Аммо Зойиров гуфта, буд, "наметавонад, пинҳон монад ва бояд табобати худро давом диҳад. Ба Маҳмурод Одинаев лозим аст, ки таслим шавад ва дар куҷо буданашро хабар диҳад”.

Лентаи хабарҳо
0