ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маҷмааи савдои “Корвон”-и шаҳри Душанбе, ки калонтарин дар Тоҷикистон мебошад, навсозӣ мегардад.
Ба иттилои мақомоти меъмории шаҳри Душанбе дар пайи навсозӣ Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
“Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти меъморӣ.
Лоиҳакаши тарҳи навсозии “Корвон” корхонаи давлатии “Душанбешаҳрсоз” буда, фармоишгари он ҶДММ “Корвон” мебошад.
“Корвон” калонтарин минтақаи тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он одатан ба далели зиёд будани одамон ва мошинҳо танбашавии нақлиёт сурат мегирад. Дар тарҳи ҷадид таваққуфгоҳи бисёрқабата пешбинӣ шудааст, ки интизор меравад, мушкили танбашавии нақлиётро бартараф кунад.