https://sputnik.tj/20200731/10-mardu-1-zan-pulis-aksu-navori-11-ronandai-konunshikanro-nashr-kard-navor-1031663772.html
10 марду 1 зан: пулис аксу навори 11 ронандаи қонуншикан дар роҳи "Корвон" -ро нашр кард
10 марду 1 зан: пулис аксу навори 11 ронандаи қонуншикан дар роҳи "Корвон" -ро нашр кард
Sputnik Тоҷикистон
Ёздаҳ ронандае, ки аз ҷониби пулиси роҳ огоҳонида шуданд, дар роҳи бозори "Корвон" танбашавии сунъии нақлиётро ба вуҷуд меоварданд 31.07.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-07-31T13:25+0500
2020-07-31T13:25+0500
2020-07-31T13:30+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0b/1031557352_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_1f36dd62d7949e9682df0e902189ec91.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0b/1031557352_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_1e07e8767632ac14521a9dc0df6670a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, нақлиёт, ҳамаи хабарҳо
10 марду 1 зан: пулис аксу навори 11 ронандаи қонуншикан дар роҳи "Корвон" -ро нашр кард
13:25 31.07.2020 (Навсозишуда: 13:30 31.07.2020) Ёздаҳ ронандае, ки аз ҷониби пулиси роҳ огоҳонида шуданд, дар роҳи бозори "Корвон" танбашавии сунъии нақлиётро ба вуҷуд меоварданд
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз рафтори баъзе ронандаҳо дар роҳҳои пойтахт изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ба иттилои котиботи раёсат, гарчанде дар як қисмати роҳи бозори "Корвон" корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дошта бошад ҳам, вале баъзе аз ронандагон ба маҳдуд будани роҳ нигоҳ накарда, бар хилофи талаботҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда ба таври сунъӣ тамбашавии ҳаракати роҳро ба вуҷуд меоранд.
Ин қоидавайронкуниҳои ронандагон аз ҷониби шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ мавриди вокуниш қарор гирифта, аз мақомоти милитсия дархост намуданд то нисбати ин ронандагони қонуншикан чораҳои таъсирррасони қонунӣ андешида шавад.
“Қатии любойта, любой хел гап мезанум”: ҷазои ронанда барои зӯргӯӣ-акс
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати як қатор ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд, тибқи талаботи моддаҳои 324 ва 236 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати дар минбаъда ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Дар миёни ронандагони қонуншикан, 10 марду як зан қарор гирифтанд.