Дар Душанбе марде барқро ба фурӯшандаҳо бо нархи баланд фурӯхтааст. Ӯро боздошт карданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милиса як сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд, ки ғайриқонунӣ аз фурӯшандаҳои яке аз бозорҳои пойтахт барои барқ ​​пул ҷамъоварӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила марди 46-сола бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкорони бозори ҶДММ Маркази савдои "Ховарон" даромада, 1-квт нархи қувваи барқро 0.75 дирам ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудааст.

Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Душанбе: қарзи сокинон аз масрафи барқ ба 95 миллион сомонӣ расид

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи хулосаи Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии қувваи барқ барои 1-квт ба маблағи 0.65-дирамро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда, то санаи 23-юми декабри соли 2020, ба маблағи 0.75-дирамӣ ҷамъоварӣ намуда, ҷамъ 36 ҳазору 757-сомонию 13-дирамро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аммо ин ниҳод дар иттилоияаш мушаххас накардааст, ки гумонбар ба ҳайси кӣ ва дар кадом асос аз "тоҷирон" барои нерӯи барқ пул ситонидааст.

Шабдолов роҳи ҳалли камбуди барқ дар Тоҷикистонро нишон дод: ин "Роғун" нест

Манбаъ мегӯяд, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0