ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Гуфта мешавад, ки аз қарзи 95 миллион сомонии сокинони пойтахти Тоҷикистон бобати барқи масрафӣ 70 дарсад саҳми бахши хонагӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Масрафи барқ дар шаҳри Душанбе дар соли гузашта ба 2 миллиарду 300 миллион киловат соат расид, ки дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 78 миллион киловат соат бештар аст.
Як миллиарду 400 миллион киловат соат аз ин барқи масрафшуда дар марокизи барқу гармоишии пойтахти Тоҷикистон тавлид шудааст.
Шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ба 6 миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ ниёз дорад, ки баробар бо 10 дарсад аз кулли барқи тавлидӣ дар ин кишвар аст.
Бояд гуфт, ки ба далели буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон, манотиқи рустоии ин кишвар аз рӯзи 6 январ танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд ва дар бақияи соатҳо маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Аммо шаҳри Душанбе феълан аз ин маҳдудият озод аст.