Дар Русия усули нави тақсимоти квотаҳо ҷорӣ мешавад: чӣ гуна?

© Sputnik / Михаил Голенков / Гузариш ба медиабонкМигранты у здания УФМС, архивное фото
Мигранты у здания УФМС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 14 январи соли 2021 дар минтақаҳои алоҳидаи Русия барои тақсимоти квотаҳо ҷиҳати ба даст овардани иҷозаи иқомат, комиссияҳои вижа тартиб дода мешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Дар Русия қонуне ба эътибор даромад, ки мувофиқи он тақсимоти квотаҳо ба дӯши комиссияҳои минтақавӣ вогузор мешавад ва тибқи он ҳукумат метавонад қоидаҳои тасҳеҳи квотаро тасдиқ кунад, менависад "Парламентская Газета".

Ин санад 14 январ эътибор пайдо кард ва ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" тағйирот ворид кард.

Такси в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия муҳоҷиронро аз мусофиркашонӣ бо таксӣ маҳрум карданианд

Квотаҳо барои додани иҷозатномаҳои иқомат дар Русия аз ҷониби комиссияҳои дар минтақаҳо таъсисёфта тақсим карда мешаванд, дар ҳоле ки тартиби тақсимоти квотаҳоро ҳукумати кишвар муайян мекунад.

Усули нав имкон медиҳад, ки квота дар байни хориҷиён бо назардошти вазъи муҳоҷират дар як минтақаи мушаххас, мавҷуд будан ё набудани асос барои радди иҷозатномаи иқомати муваққатӣ тақсим карда шавад.

Афзун бар ин, қонун ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро дақиқ кард. Ин ниҳод тартиби додани иҷозатномаҳо, шаклҳои аризаи дахлдори муҳоҷирон ва рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро тасдиқ мекунад.

Дар куҷо ва чӣ қадар хориҷиён имкони кор дар Русия доранд

Ба гуфтаи Анатолий Виборний, узви Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи давлатӣ, ин қонун шумораи ҷиноятҳои эҳтимолии муҳоҷиронро коҳиш медиҳад ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоят мекунад.

"Аз як тараф, он барои муҳоҷирон шароити мусоидро фароҳам меорад, зеро ҳар яки онҳо бо як ҳадафи муайян ба минтақаи муайян меоянд ва дарк хоҳанд кард, ки дар куҷо кор кардан лозим аст. Аз тарафи дигар, ин ба минтақаҳо имкон медиҳад, ки раванди муҳоҷиратро ба таври возеҳ назорат кунанд", - қайд мекунад Виборний.

Ин навоварӣ қадами муҳим дар татбиқи сиёсати муҳоҷирати Русия хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0