Маркази инноватсионии "Помир" ҷавононро бо ҷойи кор таъмин мекунад

© Мақомоти ВМКБМаркази инноватсионии Помир cоҳиби бинои нав мешавад
Маркази инноватсионии Помир cоҳиби бинои нав мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ташкилоти ҷамиятии Маркази инноватсионии "Помир" ният дорад, шумораи коргаронро ба беш аз 200 нафар ва аз ин ҳам зиёд расонад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази инноватсионии "Помир" баҳри таъмини ҷавонони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ муддати 3 сол фаъолияти мунтазам дошта, имрўз оиди дастовардҳо ва фаъолияти минбаъдаи марказ зимни як ҳамоиш дар ҳузури Ёдгор Файзов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Файзов хостори таъйини бештари занон ба мақомҳои роҳбарӣ шуд

Бино ба гузориши мақомоти ВМКБ, фаъолияти марказ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуда, хизматрасонӣ дар шакли муҳосибот бо дигар давлатҳо расонида мешавад.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қайд намуд, ки таъмини ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрўза ба ҳисоб рафта, фаъолияти чунин ташкилотҳо саривактӣ мебошад.

Роҳбари Марказ Валӣ Хонҷонов гуфтааст, ки ташкили бинои замонавӣ ва таъмини пурраи кормандон бо интернети доимӣ метавонад ба фаъолияти кории кормандони ташкилот боз ҳам такони ҷиддӣ бахшад.

Дар ин росто, раиси ВМКБ қайд намуд, ки бо мувофиқаи раиси шаҳр биноҳои замонавӣ дар ҳудуди Бозори 20 - солагии Истиклолият, бинои Дўстӣ ва дар оянда иншооти Маркази ҷавонони вилоят метавонад ин ташкилотро бо ҷой доимӣ таъмин созад.

Вазорати меҳнат дар мардикорбозори Бохтар ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил кард

Ташкилоти ҷамиятии Маркази инноватсионии "Помир" аз соли 2017 ба таври расмӣ фаъолияташро дар шаҳри Хоруғ оғоз намуда, дар ин муддат тавонист 70 нафар кормандонро бо кори доимӣ таъмин намоянд ва дар ояндаи наздик ният дорад, шумораи коргаронро ба беш аз 200 нафар ва аз ин ҳам зиёд расонад.

Манбаъ афзуда, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз фаъолияти кормандон аз наздик шинос шуда, аз утоқи кории бинои марказ дидан намуд. Гуфта шуд, масъалаи мушкилии таъмини кормандон бо бинои замонавӣ дар ояндаи наздик ҳалли мусбии худро пайдо намуда, ҷавонон метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0