ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Рӯзҳои 13-14 январ як астероиди хатарнок аз назди Замин мегузарад, хабар медиҳад Гулчеҳра Қоҳирова мудири Институти астрофизикаи АМИТ, хабар медиҳад Ховар.
Ба иттилои манбаъ, астероиди нав бо номи 2020 WU5 29 ноябри соли 2020 бо ёрии телескопи кайҳонии Неовайз кашф шудааст.
Пас аз коркарди аксҳо маълум гардид, ки астероиди нав ба гурӯҳи астероидҳои наздизаминӣ («Аполлон») дохил шуда, бо номи 2020 WU5 дар махзани маълумоти астрономии ҷаҳонӣ қайд гардидааст.
"Мадори ҳисобшудаи астероид нишон медиҳад, ки он ба Замин наздик шуда метавонад", - гуфт мудири Институти астрофизикаи АМИТ.
Андозаи ин астероид тахминан 1 км мебошад. Бо назардошти наздикшавӣ ба Замин ва ҳамин андоза ин ҷирми кайҳонӣ ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок ба Замин дохил мешавад.
Олимони тоҷик: баъди чанд рӯз астероиди нав ба замин наздик мешавад
Гулчеҳра Қоҳирова зикр кард, ки наздикшавии навбатии астероид ба Замин шаби 13 ба 14 январи соли 2021, соати 01:40-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд.
Дар ҳамин лаҳза масофаи байни астероид ва Замин 8.1 миллион километрро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳтоб 20 маротиба зиёд мебошад.
Олимон чунин меҳисобанд, ки наздикшавӣ дар чунин масофа бархӯрдро бо Заминба вучуд намеорад. Бинобар ин, таҳдиди астероид ба Замин шаби 13-14 январ хеле ночиз буда, бархӯрди ӯ бо Замин ғайриимкон мебошад.