Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад: ба замин астероиди хатарнок наздик мешавад

© PixabayКосмический спутник, архивное фото
Космический спутник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба маълумоти олими тоҷик, астероид, ки аломати 52768 (1998 OR2) гирифт, 25 июли соли 1998 дар расадхонаи астрономии Хавайи ИМА кашф шудааст

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар соли 2020 астероиди эҳтимолан хатарнок ба замин наздик мешавад, гузориш медиҳад "Ховар" дар истинод ба директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.

Тавре манбаъ менависад,  тибқи пешгӯии олимони тоҷик, 29 апрели соли 2020 соати 15.00 ба вақти маҳаллӣ дар масофаи 6 миллион км аз Замин астероиди эҳтимолан хатарнок парида мегузарад.

Гуфта мешавад, астероид дар фазои байни сайёравӣ бо суръати 9 км/с ҳаракат мекунад. Ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳтоб 16 маротиба зиёд мебошад. Мадори астероид мадори Заминро тамоман намебурад, зеро он ба гурӯҳи астероидҳои Амур дохил мешавад, ки мадори онҳо берун аз мадори Замин ҷойгир аст.

"Ба ғайр аз ин, 6 млн. км масофаест, ки барои бархурд бо Замин нисбатан калон ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз таҳдиди астероид ба Замин хеле ночиз буда, бархурди ӯ бо Замин ғайриимкон мебошад", - омадааст дар пешбинии Гулчеҳра Қоҳирова.
Latrodectus, veuve noire - Sputnik Тоҷикистон
Кашфи олими рус дар Тоҷикистон: тортанаки заҳрдор

Бино ба маълумоти олими тоҷик, астероид, ки аломати 52768 (1998 OR2) гирифт, 25 июли соли 1998 дар расадхонаи астрономии Хавайи ИМА кашф шудааст. Дар асоси аксҳои астероид мадораш ҳисоб карда шудааст ва маълум гардид, ки он ба Замин наздик шуда метавонад.

Андозаи астероид таҳминан аз 2 то 4 км мебошад ва барои муқоиса хотиррасон менамоем, ки андозаи ҷирми кайҳонӣ, ки дар ноҳияи Челябинск ба атмосфераи Замин ворид гардид, 20 метрро ташкил дод.

Бо чунин хусусиятҳо ӯ ба гурӯҳи астероидҳои ба Замин хатари эҳтимолидор дохил мешавад. Ҷирмҳои кайҳонӣ бо андозаи зиёда аз 100 м, ки метавонанд ба Замин дар масофаи 7.5 млн. км наздик шаванд, ба ҳамин гурӯҳ ворид мегарданд.

Се олими тоҷик сазовори ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино шуданд

"Назорати ҳаракати астероид дар ин вақт тавассути мушоҳидаҳо дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Расадхонаҳо ва телескопҳои Институт барои ин кор мусоид мебошанд, инчунин дар ин самт олимони мо таҷрибаи хуб доранд. Наздикшавии қаблии ин астероид ба Замин 12 марти соли 2009 (27 млн. км) ба вуҷуд омадааст ва наздикшавии навбатӣ 18 майи соли 2031 (19.5 млн. км) ба вуқӯъ меояд", - таъкид кардааст дар анҷом олими тоҷик.

 

Лентаи хабарҳо
0