Вазорат ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” -ро эълон кард

Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” -ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Мураббияҳои муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева ва муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шаҳло Неъматзода  ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” гардиданд.

Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Озмун дар Суғд: оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтаринро муайян мекунанд

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ додаааст, ки дар озмуни мазкур 5 нафар  мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова, мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова, мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон Наргис Шарипова ва мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева иштирок намуданд. Даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” давоми се рӯз гузашта, ҳар довталаб тибқи низомнома шартҳои муайяншударо иҷро намуда, соҳиби холҳои зарурӣ гардид.

Муҳаммадаюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми зимни маросими ҷоизасупорӣ таъкид доштааст, ки дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб мешавад.

Гуфта шудааст, ки довталабон дар озмун бо маҳорати баланди педагогӣ ва донишу ҷаҳонбинии васеъ фаъолона иштирок намуданд.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд ба ғолибони озмун аз 5 то 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

Ҳамчунин раиси аъзои ҳакамон, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Лутфия Иматова фаъолияти иштирокчиёни озмунро вобаста ба шартҳо дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, иброз намуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Қайд кардааст, ки дар интиҳо ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳо, нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.

Лентаи хабарҳо
0