Раиси Суғд ба ғолибони озмун аз 5 то 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор ҷоиза дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, зимни маросими ҷоизасупорӣ аз зарурати рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои корӣ гуфт.

Ведущий научный сотрудник Института экономики РАН Зарина Дадабаева  - Sputnik Тоҷикистон
Мутахассис оид ба рушди мошинсозӣ дар Тоҷикистон: ин идеяи хуб аст

Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар ҷамъбасти давраи дуюми мавсими пахтачинӣ заркорони ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ ва инчунин пахтакорони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

Манбаъ афзуд, раиси вилоят ба ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ "Вимпели сайёр" ва мукофотпулиҳоро дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ, 10 000 сомонӣ ва 5 000 сомонӣ тақдим намуд.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғундоштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли ҷориро бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст менамоянд.

Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон: чанд буду чанд шуд?

"Қайд кардан зарур аст, ки деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои деҳқонии "Элёр"-и ноҳияи Ашт, "Иҷоракор"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, "Озодҷон"-и ноҳияи Зафаробод, "Ҳоҷидеҳқонбой"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Гули шодӣ"-и ноҳияи Мастчоҳ, "Зарбдор"-и шаҳри Конибодом ва "Турдиқул ҳоҷӣ"-и ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ дар миқёси вилоят 3648 хоҷагии кишоварзӣ дар ин давра ба марраи мурод расида, собит намуданд, ки ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳо гарави муваффақиятҳо мебошад.

Ҳукумати Суғд зикр намудааст, ки пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик 130 ҳазор тон пахта истеҳсол намоянд. То имрӯз бошад наздик 100 ҳазор тонна "тиллои сафед" ба хирман рехта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0