Нозирон аз Тоҷикистон ба назорати интихоботи парлумонии Русия даъват шуданд

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкПодсчет голосов на выборах президента РФ
Подсчет голосов на выборах президента РФ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нозиронро аз Тоҷикистон шахсан Элла Памфилова, роҳбари Комиссияи марказии интихоботи Русия даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Нозирон аз кишварҳои ИДМ барои назорати интихоботи парлумонии Русия даъват шудаанд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Русия.

Мужчина на избирательном участке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд

Нозиронро аз кишварҳои ИДМ шахсан Элла Памфилова, роҳбари Комиссияи марказии интихоботи Русия даъват кардааст.

Пешниҳоди ширкати нозирон дар интихоботи парлумонӣ ба раисони комиссияҳои марказии интихоботи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Молдова равон шудааст.

Инчунин, намояндагони Комиссияи марказии интихоботии Русия натиҷаҳои фаъолияти худ дар  интихоботи президентии Қирғизистонро ҷамъбаст кард.

"Овоздиҳӣ бо тартиби муқаррарӣ ва бо истифода маводҳои муҳофизати шахсӣ сурат мегардад. Қонуншикании ҷиддие, ки ба раванди интихобот метавонад таъсир расонад, ошкор нашудааст", - гуфта мешавад дар изҳороти Комиссияи марказии интихоботи Русия.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Евгений Шевченко намояндаи КМИ Русия ва нозири СҲШ ба раванди баргузории интихоботи президентӣ дар  Тоҷикистон баҳои баланд дода буд.

Лентаи хабарҳо
0