Грант барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани роҳҳои Данғара, Кангурт, Ҳулбук

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон аз созишномаи грантии дигар бо Бонки Осиёии Рушд хабар дод, ки ба татбиқи лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” равона мешавад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ба иттилои вазорат, созишномаи мазкур, ки ҳудуди 73 миллиолн долларро дар бар мегирад, аз ҷониби Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар ва  Анвар Маҳмудов, намояндаи ваколатдори БОР дар Тоҷикистон имзо шуд.

Лампочка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фармонҳои Раҳмон дар бораи грантгирӣ барои барқу роҳ

“Лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ намудани талаботи муҳими минтақа оид ба беҳтаргардонии шоҳроҳҳои миллӣ, алалхусус Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт равона шудааст. Қитъаҳои мазкур шоҳроҳи Осиёии №66 дар Данғара ва Ҳулбукро пайваст намуда, барои ҳамгироии марказҳои бузурги иқтисодии минтақа хидмат менамояд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати молия.

Манбаъ афзуд, арзиши умумии лоиҳаи мазкур 72,93 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 67,49 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд ва 5,44 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби саҳми Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Вазорати молия таъкид намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.  Тавзеҳ дода шудааст, ки мақсади асосии лоиҳа ин ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналхалқӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ,  таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа мебошад.

Лентаи хабарҳо
0