Тақвими мусобиқоти ҷудо то бозиҳои олимпӣ нашр шуд: аз Тоҷикистон киҳо мераванд?

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар минтақаи сабзи раддабандии ҷаҳонӣ ҷойгиранд

ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Марҳилаи интихобии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи намуди  ҷудо то 28 июни соли 2021 идома меёбад.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тақвими мусобиқотро дар ин давра нашр кард, хабар медиҳад, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми Сомону Беҳрӯз ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо маълум шуд

Чуноне гуфта шуд, соли 2021 мусобиқаи ситораҳои  ҷудо дар шаҳри Давҳаи Қатар оғоз меёбад. Мусобиқа 11-13 январ баргузор мешавад, ки дар он се варзишгари мо – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок мекунанд.

Сипас, 18-20 феврал Гранд Слами Тел Авив (Исроил), 27-28 феврал Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг доир хоҳанд шуд. Дар моҳи март низ ду мусобиқа ба нақша гирифта шудааст: 5-7 март Гарнд Слами Тошканд (Ӯзбекистон), 26-28 март Гранд Слами Тбилиси (Гурҷистон).

1-3 апрел ҷудочиёни ҷаҳон дар Гранд Слами Анталия (Туркия), баъдан ҷудочиёни Осиё ва Уқёнус дар чемпионати қитъавӣ сабқат мекунанд. 8-9 май Париж (Франсия) мизбони мусобиқаи Гранд Слам хоҳад буд.

Марҳилаи интихобӣ бо баргузории Чемпионати ҷаҳон 6-13 июн дар Будапешт (Венгрия) анҷом меёбад. 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ширкат кунанд.

Феълан аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар минтақаи сабзи раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.

Лентаи хабарҳо
0