ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Федератсияи ҷаҳонии дзюдо (IJF) феҳристи варзишгарони ҷаҳонро дар шакли радабандӣ ба нашр расонид, ки миёни дзюдочиёни ҷаҳон 3 паҳлавони шинохтаи тоҷик низ ҷойгиранд, хабар медиҳад Агентии Ховар бо такя ба маълумоти Федератсияи дзюдои Тоҷкистон.
Ба иттилои манбаъ,миёни паҳлавонони вазни -73 кг Сомон Маҳмадбеков мақоми 14-умро соҳиб шуда, 3202 хол ба даст овардааст.
Дар ҳамин вазн дар мақоми 16-ум паҳлавони дигари тоҷик Беҳрузи Хоҷазода ҷой гирифтааст. Ӯ соҳиби 2708 имтиёз мебошад.
Аз Порис ба Олмон: иштироки 11 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо
Варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён бо 2024 имтиёз дар мақоми 25-уми вазни то 90 кг қарор дорад.
Ба ғайр аз ин се нафар паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг бо 1821 имтиёз мақоми 28-умро касб кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки радабандии нави дзюдои ҷаҳонӣ баъди баргузории Grand Slam-и Будапешт сурат гирифт, ки он 23-25 октябри соли равон баргузор гардида буд.