Хиёнат ва муноқиша: боздошти ду марди солхӯрда барои куштори ҳамсаронашон-видео

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори се зан се мард сокинони шаҳри Ҳисорро боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Тибқи гузориши ин ниҳод, се ҳодисаи куштор, тайи чаҳор рӯз аз 22 то 26-уми декабр сар задааст.

Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рашк: куштор ҳангоми дидани алоқаи ҷинсии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

Ба иттилои манбаъ, санаи 22 декабр сокини 62-солаи деҳаи Лангари Поёни шаҳри Ҳисор Ҳалимов Абдураҳими дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ ҳамсари худ Солеҳа Умедоваро буғӣ карда куштааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи дигари куштор дар пайи хиёнат ба шавҳар рух додааст.

Гуфта мешавад, сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Баҳриддин Мирзомиддинови 62-сола дар пайи рашк ба ҳамсари 34-солааш Парвина Тошбековаро корд задааст, ки дар натиҷа зан ба ҳалокат расидааст.

ВУД дар куштори сеюм сокини 27-солаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ҳисор Муҳаммад Одинаевро муттаҳам медонад, ки  шоми 26 декабр бо ниқоб барои дуздӣ ба хонаи ҳамсояаш Розиқова Ороста даромада, барои ошкор нагардидани кирдораш ӯро буғӣ карда мекушад.

“Пас аз ба ҳалокат расонидани ҷабрдида ангуштарӣ ва гушвори ӯро тасарруф карда, бо идомаи ҳаракатҳои ҷиноятияш вориди манзили ҷабрдида мегардад ва дар ин ҳангом, ки духтараш хоб буд, мехоҳад ӯро низ буғӣ карда кушад”,-афзудааст, манбаъ.

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

Аммо ба иттилои мақомот, духтар муқовимат нишон дода, ниқобро аз рӯйи мард мекашад ва ҷинояткор ба хотири ошкор нашуданаш, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

ВКД мегӯяд, нисбат ба гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0