ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Маъмурини милиса дар Шаҳритус, Суманқулов Содиқ, сокини 51-солаи ҷамоати деҳоти Холматовро, ки пеш бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ боздошт кардаанд.
Видео: Суманқулов маъшуқи 52-соларо кушта, Нилуфару Фарзонаро маҷруҳ кард
Ба иттилои ВУД, Содиқ Суманқулов шаби 19 август тахминан соати 23:30 дар ҳолати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Фарзона Бердиеваи 26-сола омада, шоҳиди муносибатҳои маҳрамонааш бо ҳамсояи 52-сола, Раҷабов Рустам шудааст.
Манбаъ афзуд, ки Суманқулов аз ҳиссиёти рашк Раҷабов Рустамро бо корд ба ҳалокат расонда, Бердиева Фарзонаи 26-сола ва Камолова Нилуфар, сокини сисолаи Норакро, ки дар меҳмонӣ қарор доштааст, маҷруҳ кардааст.
Феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари гумонбар ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.