Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон кай сар мешавад: посухи Вазорати тандурустӣ

© Пресс-служба ЦВОВ Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса
В Центральном военном округе приступили к вакцинации личного состава от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мӯҳлати тахминии оғози эмгузаронӣ алайҳи коронавирусро дар ҷумҳурӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон ваксина алайҳи коронавирус дар доираи механизми байналмилалии COVAX сурат мегирад, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар.

Ба гуфтаи вай, интиқоли ваксинаи COVID-19 ба ҷумҳурӣ метавонад аз нимаи соли 2021 оғоз шавад.

"Тибқи талаботи механизми байналмилалии иттиҳоди ҷаҳонӣ оид ба ваксинаҳо ва эмкунӣ таҳти сарпарастии ТУТ, Тоҷикистон ба 92 кишваре шомил карда шудааст, ки таҳти COVAX кор хоҳанд кард ", - гуфт Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи ӯ, COVAX омодагӣ ва интиқоли ваксинаҳои коронавирусро ба ин кишварҳо ройгон ба зиммаи худ мегирад.

Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
COVID - 19 нест: Вазорати тандурустӣ омори ҷадид нашр кард

"Ваксина 20% аҳолии кишварро фаро хоҳад гирифт. Ваксинаро нахуст кормандони тиб, муаллимон, шахсони аз 50-сола боло, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои музмин мегиранд", - шарҳ дод ӯ.

Ҳамин тариқ, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 800 ҳазор нафар эм карда мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон аллакай барои ваксина ариза фиристодаанд. Пас аз он ки ваксинаҳои гуногун дар сатҳи ТУТ тасдиқ карда мешаванд, дастрас мешаванд, мӯҳлати дақиқи ваксина аз истеҳсолкунандаи ваксина вобаста аст.

Ёдовар мешавем, ки шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон то 8 январ 13305 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии беморони шифоёфта ба 13153 нафар расидааст. Аз нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ, ки 30 апрел ба қайд гирифта шудааст, дар кишвар 90 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0