ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, то 8 январ дар кишвар 13 ҳазору 305 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардиданд.
То ҳол аз ин шумора 13 191 нафар ё 99,1 дарсади дардмандон шифо ёфтанд.
Вазири Чин дар бораи сарчашмаи коронавирус гуфт
Бояд тазаккур дод, ки аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 90 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳамзамон, 24 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.