Одамоне, ки вояи (доза) деринтизорро гирифтаанд, чӣ эҳсосотро аз сар мегузаронанд, гузориши аксии моро нигаред.
Нахустин ваксинаи зидди конавирус дар ҷаҳон дар Русия ба қайд гирифта шуд.
Вазорати тандурустии Русия дар моҳи август аввалин ваксина бар зидди COVID-19-ро ба қайд гирифт. Ин ваксина “Спутник V” ном гирифт. Бартарии ин ваксина комилан барои инсон безарару самаранок будааст ва дар давоми тӯлонӣ оқибатҳои ногувор надоштааст.
Сафҳаи Твиттери ваксина қаблан хабар дода буд, ки "Sputnik V" комилан бехатар ва беш аз 90% барои гурӯҳи синнусоли 60+ самаранок нишон дода шудааст.
Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аллакай зиёда аз 84,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 1,8 миллион нафарашон фавтидаанд.
Иёлоти Муттаҳида дар шумораи парвандаҳои тасдиқшуда пешсаф аст.